- қадим
- [قديم]а1. дерина, дар айёми хеле пеш гузашта, собиқ, пешин, бостонӣ; куҳан, кӯҳна; дӯсти қадим дӯсти дерин; маданияти қадим фарҳанги дар замонҳои пеш бавуҷудомада; тибби қадим илми тандурустии маълум дар замонҳои гузашта, тибби бостонӣ; муқоб. тибби муосир; халқи қадим халқи таърихи бостонӣ дошта; шаҳри қадим шаҳри таърихи кӯҳна дошта; аз қадим аз замонҳои гузашта; дар қадим дар вақтҳои пеш, дар айёми гузашта; қадимон кит. одамони дар замонҳои пеш зиста, пешгузаштагон2. таър. ҷараёни иртиҷоии кӯҳнапараст, ки ба ҳар як навоварӣ инодкорона ва ҷоҳилона муқобилат нишон медиҳад; муқоб. ҷадид; забони қадим забони мустаъмал дар замонҳои гузашта, вале ҳоло матрук; забони форсии қадим збш. нахустин давраи мавҷудияти табақабандишудаи забони форсӣ, ки тақрибан то асрҳоиVI-IV пеш аз милодро дар бар мегирад; таърихи дунёи қадим таър. давраи таърихи дунё, ки шартан то асри VII-VIII милодиро дар бар мегирад; Юнони қадим таър. давраи бостонии мамлакати Юнон, яъне то асрҳои миёна; асли қадимаш барин мешавад айнан монанди пештара мешавад, пурра ба вазъи пештарааш монанд мешавад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.